Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти Саркозӣ аз ташкили давлати Фаластин


Имруз Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса дар Каронаи Ғарбии руди Урдун баъд аз мулоқоташ бо Маҳмуд Аббос-раиси ташкилоти худгардони Фаластин изҳор дошт, ки Фаронса ба ташкили давлати Фаластин бартарӣ қоил аст. Оқои Саркозӣ гуфт, исроилиҳо ва фаластиниҳо бояд дар идораи Байтулмуқаддас саҳм дошта бошанд. Вай ҳамчунин аз Исроил хост, бунёди маҳаллоти яҳудинишин дар Каронаи Ғарбиро муттаваққиф созад.
XS
SM
MD
LG