Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамон тавре, ки хабарнигорони ғарбӣ таъкид мекунанд, дар ҷараёни ин сафар Кандализа Райс дар Олмону Ҷопон ва Кореяву Чин роҷеъ ба масоили зиёд аз Ховари Миёна сар карда то нишасти қарибулвуқӯъи кишварҳои санъатии ҷаҳон сӯҳбатҳо хоҳад кард. Аммо дар меҳвари ин ҳама диду боздидҳо нигарониҳо аз афзоиши бесобиқаи қимати энержӣ дар ҷаҳон қарор хоҳад дошт. Зимни боздидаш аз Берлини Олмон вай дар конфронси вижае роҷеъ ба масоили амниятии Фаластин иштирок хоҳад кард.

Инчунин қарор аст, ки вазири хориҷаи Амрико бо мақомоти Олмон ва Аврупо дидору гуфтугӯҳои рӯбарӯро анҷом диҳад. Сафари баъдии вай ба Киотои Ҷопон дар назар гирифта шудааст, ки дар он ҷо омодагиҳо барои ташкили нишасти кишварҳои санъатии ҷаҳон ҷараён дорад. Рӯзҳои шанбеву якшанберо раҳбари идораи сиёсати хориҷии Амрико бояд дар Сеули Кореяи Ҷанубӣ дар нишасти кишварҳои шашгонаи марбут ба барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ сипарӣ кунад. Ва дар ниҳоят Кандализа Райс аз шаҳри Ченгдуи Чин барои изҳори тасаллияти ИМА дар робита бо зилзилаи маргбори моҳи гузашта дидан хоҳад кард. Мулоқоти вай бо мақомоти баландпояи чиноӣ баъдан дар Пекин сурат мегирад.

Гуфта мешавад, шояд муҳимтарин нуқтаи сафари Кандализа Райс Ҷопон мешавад, ки дар он ҷо роҳҳои муқобила бо қимати афзояндаи нафт дар нишасти кишварҳои санъатӣ баррасӣ мешавад. Қимати нафт ба наздики 140 доллар барои ҳар бушка баробар шудааст. Ин қимат ду баробар баландтар назар ба нишондодҳои соли гузашта мебошад ва ба эҳтимоли ғолиб, дар ҳоли афзудан аст. Вазъи баамаломада наметавонад мояи нигаронӣ набошад.

Болоравии беисти қимати нафт алорағми ваъдаи Арабистони Саъудӣ барои афзоиш додани ҳаҷми тавлиди нафт дар ин кишвари бузургтарини истеҳсолкунандаи тиллои сиёҳ сурат мегирад. Ҳоло ин кишвар мегӯяд, ки ҳар рӯз дар ҳудуди 9,5 миллион бушка нафт истеҳсол мекунад. Аксар таҳлилгарон ба ин назар ҳастанд, ки аз як сӯ агар чунин иқдоми мақомоти Саъудӣ барои қонеъсозии ниёзмандиҳои ҷаҳон ба энержӣ мусоидат кунад, аз тарафи дигар, вобастагии дигар бахши саёраро аз захоири нафт бештар хоҳад кард. Як таҳлилгари созмони ғайридавлатии Тағйироти байналмилалии нафтӣ мегӯяд, ки ин паёмадҳоро аъзои дигари Ҷи-8, яъне Бритониё, Канада, Фаронса, Олмон, Итолиё, Ҷопону Русия хуб дарк мекунанд. Аммо аз дасти онҳо кори каме меояд, мегӯяд Стив Кретсман.

"Дар кӯтоҳмуддат кишварҳои ҷомеаи Ҷи-8 кори зиёдро ба сомон расонида наметавонанд - инро як воқеият таассуфангез гуфтан мумкин аст. Ба ҳар ҳол, кори хубе, ки аз дасти кишварҳои санъатӣ меояд, ин ирсоли паёми мушаххас буда метавонад, ки мегӯяд, ҳама кори аз дастамон меомадаро анҷом дода вобастагиро аз нафт ва масрафоти онро дар саросари ҷаҳон поин мебарем. Ва ин чиз маънои онро хоҳад дошт, ки сармоягузории риштаи нафт дар сатҳи байналмилалӣ хотима хоҳад ёфт. Ин он ҷизест, ки бояд дар ин нишаст гуфта шавад".

Аммо то куҷо чунин тасмимгириҳо метавонад боиси коҳиш ёфтани қимати нафт шавад? Дар ин замина оқои Кретсман мегӯяд, ки чунин коҳишро танҳо дар дарозмуддат интизор бояд шуд. Ин таҳлилгар инчунин бо мавқеи вазири нафти Арабистони Саъудӣ розӣ шудааст, ки гуфта буд, сабабгори дигари болоравии қиматҳо савдогарон мебошанд, аммо дар айни замон, ин кишвар ҳам дар чунин бозиҳои молии марбут ба нафт аз сӯе даст дорад, гуфт вай. Ва аз тарафи дигар, мегӯяд ӯ, шакку гумонзаниҳои зиёд дар бораи захираҳои нафти ҷаҳонӣ ва мизони тавлиди он дар оянда ҳатто дар мисоли Арабистони Саъудӣ зиёд аст. Ва ҳамин гапу хабари номуайяни зиёд ҳам ба андешаи вай боиси боло рафтани нархҳо мешавад.

XS
SM
MD
LG