Пайвандҳои дастрасӣ

Яке аз бонуфузтарин маҷалаҳои марбут ба равобити байналмилалии чопи Амрико “Форейн Полиси” феҳристи нокомтарин кишварҳоро нашр намудааст.

Маҷалаи "Foreign Policy"(“Сиёсати хориҷӣ”)-ро феълан созмони ғайридавлатии “Таждими Карнеги ба сулҳи умумиҷаҳонӣ” мунташир мекунад, аз соли 1976 интишор мешавад.
Саранҷом дар саҳифаҳои маҷалла шохиси кишварҳои ноком интишор гашт, ки муаллифони пажӯҳиш бо назардошти нишондодҳои мухталиф, аз ҷумла вазъи иқтисодӣ ва ҳуқуқи башар, шумораи аҳоль ва муҳоҷирину фирориён, рушди нобаробари минтақаҳои кишвар, сатҳи хадамоти маъишӣ, ҳузури артиши бегона дар дохили кишвар ва ғайра давлатҳои ҷаҳонро раддабандӣ карданд.
Ҳамин тавр, дар қатори 10 кишвари нокомтарини ҷаҳон 7-тоаш аз Африқои марказианд, ва танҳо кишвари ғайрифариқоие, ки дар сархатти ҷадвал қарор дорад, Ироқ будааст. Муаллифони пажӯҳиш мегӯянд боқӣ мондани артиши Амрико дар Ироқ сабаби асосии дар мақоми 5-уми ҷадвал қарор доштани ин кишвар будааст. 10 кишвари нокомтарини ҷаҳон иноанд: Сомалӣ, Судон, Зимбабве, Чад, Ироқ, Ҷумҳурии Демократии Конго, Афғонистон, Покистон ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ.
Бори нахуст Исроил ва Навори ғарбии Ғаза ба 60 кишвари ноком шомил гаштаанд, ва акнун дар мақоми 58-ум (баъд аз Гурҷистону Ангола) ҷойгир шудаанд.
Дар пажӯҳише, ки 177 кишварро дар бар мегирад, ин кишварҳо мувофиқи 12 нишондод аз бадтарин то беҳтарин вориди ҷадвал гаштаанд.
Муаллифони гузориш Тоҷикистонро дар ҷои 38-ум ва Қирғизистони ҳамсояро дар ҷои 39-ум гузоштанд, ки аз назари муаллифон барои як кишвар мақоми хуб буда наметавонад. бино бар ин пажӯҳиш, Тоҷикистон дар аксари нишондодҳо ноком аст. Сатҳи баланди муҳоҷирати аҳолӣ, иқтисоди заиф, шумораи зиёди бекорон, қарзи берунаи бузург, фасод дар сохторҳои ҳукуматӣ ва амниятӣ, адами боварии мардум ба ҳукумат ва сатҳи пасти таъмини ҳуқуқҳои башар ҳамчун мушкилиҳои умдаи Тоҷикистон зикр мешаванд. Гуфта мешавад, ки раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ба сари ҳукумат омад, тамоми қудратро дар дасти худ мутамаркиз кардааст ва ҳизби қокими Халқи Демократии Тоҷикистон дар натиҷаи интихоботи соли 2005 аксарияти курсиҳои порлумонро касб намудааст.
Дар миёни кишварҳои Осиёи марказӣ танҳо вазъи Узбакистон, ки дар ҷои 26-ум қарор дорад, дар муқоиса бо Тоҷикистон бадтар дониста мешавад.
Дар муқоиса бо соли гузашта нишондодҳои Русия беҳтар шуда, он аз ҷои 62-ум ба ҷои 72-ум интиқол ёфт, дар ҳоле ки вазъи Эрон бадтар шуд ва ин кишвар дар феҳристи мазкур аз ҷои 57-ум соли гузашта ба 49ум гузашт.
Дар сархатти кишварҳои муваффақ Норвегия, Финляндия, Шветсия ва Ирландия қарор доранд. ИМА дар ҷои 162-ум ҷойгир шудааст.
XS
SM
MD
LG