Пайвандҳои дастрасӣ

Euro-2008: Пешгӯии шореҳони варзиши Тоҷикистон


Шореҳони варзиши расонаҳои Тоҷикистон зимни нишаст

Шореҳони варзиши расонаҳои Тоҷикистон зимни нишаст

Дастаҳои мунтахаби миллии футболи Олмон, Туркия, Русия ва Испания ба даври ниманиҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо-2008 роҳ ёфтаанд.

Дар бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Аврупо рӯзи 25-уми июн дастаҳои Олмон ва Туркия ва 26-уми июн тимҳои Русия ва Испания бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд.

Бархе аз ҳамкасбони мо - шореҳони варзиши расонаҳои хабарии Тоҷикистон – ба Радиои Озодӣ натоиҷи бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Аврупоро чунин пешгӯӣ карданд:

Зарринаи Абдулвоҳид, хабарнигори бахши форсии шабакаи бурунмарзии «Овози тоҷик»-и радиои Тоҷикистон: « Пешгӯии ман ин аст, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Аврупо ду тими беҳтарин – Туркия ва Русия бо ҳам дидор хоҳанд кард ва Русия пирӯзи ин мусобиқот хоҳад шуд.»

Вамариҷ Муродов, шореҳи варзиши Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» : « Ба ақидаи ман дастаҳои Туркия ва Русия ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд ва дар натиҷа Туркия нахустин бор барандаи Ҷоми Аврупо хоҳад шуд.»

Манижа Аҳмадова, гӯяндаи радиои «Азия-Плюс» : «Ба фикри ман дар бозии ниҳоӣ дастаҳои Олмон ва Русия қувваозмоӣ мекунанд. Олмон барандаи Ҷоми Аврупо-2008 мешавад.»

Хуршеди Ҷовид, шореҳи варзиши ҳафтавори «Азия-Плюс» : «Ба назари ман дастаҳои мунтахаби Русия ва Олмон дар бозии ниҳоӣ барои унвони қаҳрамони Аврупо талош хоҳанд кард. Олмон барои чаҳорумин бор соҳиби Ҷоми Аврупо хоҳад шуд.»

Абдурауф Аҳмадов, шореҳи варзиши Телевизиони «Гули Бодом»-и шаҳри Конибодом : «Гумон мекунам, ки дастаҳои Олмон ва Испания ба финал мебароянд. Ҷоми Аврупо баъди 44 сол барои дувумин бор насиби дастаи Испания хоҳад шуд.»

XS
SM
MD
LG