Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон "як ожонси хориҷӣ"-ро муттаҳам медонад


Ҳумоюн Ҳамидзода-сухангуи раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, дар паси суиқасде ба ҷони Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури ин кишвар "як ожонси ҷосусии хориҷӣ" қарор доштааст. Ҳомид Карзай 27-уми апрели соли ҷорӣ дар ҷараёни паради низомӣ дар Кобул аз як суиқасд ҷони солим бадар бурд. Аммо се нафар кушта шуданд. Толибон масъулияти ин суиқасдро бар уҳда гирифтанд. Оқои Ҳамидзода гуфтааст, ба бовари онҳо, далоили ба дастомада нишон медиҳад, ки дар паси ин суиқасд як ожонси ҷосусии хориҷӣ қарор дорад. Вай дар ин бора ҷузъиёти дигар надодааст. Дар гузашта мақомоти Афғонистон хадамоти иттилоъотии Покистонро барои ҳимоят аз Толибон муттаҳам карда буданд.
XS
SM
MD
LG