Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаҳои ҳавоӣ 16 толиб кушта шуданд


Ҳашматуллоҳ Ализай-раиси пулиси вилояти Пактиёи Афғонистон гуфтааст, ки нируҳои байналмиллалӣ дар як ҳамлаи ҳавоӣ 16 нафар шуришии Толибонро куштаанд. Ба гуфтаи оқои Ализай, ин амалиёт замоне анҷом гирифтааст, ки шуришиёни Толиб шабона ба шаҳраки Сайид Карам-маркази як вулусволӣ дар шарқи кишвар ҳамла бурдаанд. Ба ин ҳамла нируҳои байналмиллалӣ бо ҳамлаи ҳавоӣ посух додаанд. Нируҳои байналмилллалии кумаки амниятӣ ин ҳамларо таъйид кардаанд, вале дар бораи шумораи дақиқи шуришиёни кушташуда чизе нагуфтаанд.
XS
SM
MD
LG