Пайвандҳои дастрасӣ

Олмон ҳазор нафари дигар ба Афғонистон мефиристад


Франз Йозеф Юнг-вазири дифоъи Олмон имруз гуфт, кишвараш ба нақша гирифтааст, ки имсол ҳазор нафари дигар аз нируҳояшро ба Афғонистон бифиристад. Бад-ин тариқ шумораи нируҳои Олмон дар Афғонистон то ба 4 ҳазору 500 нафар хоҳад расид. Кишварҳои узви паймони НАТО ба Олмон фишор ворид мекунанд, то ба ҷануби Афғонистон нируҳои разманда бифиристад. Бештари нируҳои Олмон дар шимоли Афғонистон, яъне дар минтақаи то андозае амни ин кишвар мустақар шудаанд. Тасмими ҳукумати Олмон дар бораи фиристодани ниру ба Афғонистон бояд дар порламони ин кишвар ба тасвиб расад.
XS
SM
MD
LG