Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваьдаи барқарории пурраи Чеченистон то соли 2011


Нахуствазири Русия Владимир Путин гуфт, ки Маскав барои барқарории пурраи Чеченистон то соли 2011 панч миллиард доллар сарф хоҳад кард. Зимни суханрониаш дар баробари аъзои ҳукумат, вай гуфт, ки ин маблағҳо инчунин барои эҷоди даҳҳо ҳазор ҷойҳои корӣ равона шуда тавлиди масолеҳи саноатӣ дар чаҳор соли оянда ду баробар афзоиш хоҳад ёфт. Шурӯъ аз соли 1994 артиши Русия ду дафъа барои муқобила бо шӯришиён вориди Чеченистон шудааст, аммо бо ин вуҷуд, то ҳанӯз мавҷи хушунатҳо дар ин минтақа коҳиш наёфтааст.

XS
SM
MD
LG