Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркише дар Афғонистон 5 мулкиро куштааст


Таркиши мошини ҳомили бомба дар наздикии корвони нируҳои амнияти байналмилалӣ дар ғарби Афғонистон рӯзи душанбе панҷ мулкиро кушта ва 10 тани дигарро захмӣ бар ҷо гузошт. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки ҳодисаи мазкур дар вулусволии Шиндони вилояти Ҳирот рух дод. Ҳанӯз мушаххас нест, ки оё дар ин ҳодиса сарбозони хориҷӣ зарар дидаанд ё хайр. Як сухангӯи Толибон иддао кард, ки чанд сарбоз ҷони худро аз даст додааст.

XS
SM
MD
LG