Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки президент ба Бадахшон


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони вилояти Бадахшони кӯҳӣ дар 50 мошини борбар маводи ғизоию сарулибос, аробачаҳо барои маъюбон ва компютеру принтерҳо ирсол кард. Дар хабаре ба ин мазмун дар сомонаи интернетии президенти Тоҷикистон гуфта мешавад, ки чунин иқдом бо ҳадафи пуштибонии мардуми деҳоти дурдасти кӯҳистон гирифта шудааст. Ин кӯмакҳо ба 5 ҳазор оилаи камбизоати Бадахшон ба шакли 50 килограмӣ орд, 20 килограмӣ биринҷ, 20 килоӣ шакар ва 10 килограмӣ равғану 10 килограмӣ макарон дастрас мегардад. Кӯмакҳои мазкур, ки маблағи умумии онҳо 2 миллиону 175 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аз ҳисоби Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон ва Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон ҷудо шудааст, омадааст дар ин хабар. Ироаи кӯмакҳо ба мардуми Бадахшон дар шароите сурат мегирад, ки нерӯҳои қудратии Тоҷикистон ба раҳбарии вазири умури дохила дар Хоруғ амалиёти халъи силоҳи размандаҳои пешини мухолифинро пиёда мекунанд.

XS
SM
MD
LG