Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон: "Tаҳримҳои Аврупо ғайримантиқӣ аст"


Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт, ки бастаи таҳримҳои ахири Иттиҳодияи Аврупо алайҳи ин кишвар дорои талаботи ғайримантиқӣ аст, ки хатми фаьолиятхои ғанисозии ураниумро тақозо мекунад. Аммо дар айни замон, оқои Муҳаммадалии Ҳусайни эътироф кард, ки дар миёни Эрон ва Иттиҳодияи Аврупо ҳадафҳои муштарак вуҷуд дорад ва ин ҳама метавонад заминаи гуфтугӯҳои ояндаро ҳамвор созад. Оқои Ҳусайнӣ заминаҳои муштаракро миёни ду ҷониб дилгармкунанда арзёбӣ кард. Иттиҳодияи Аврупо рӯзи гузашта розӣ шуд, ки таҳримҳои навро алайҳи Эрон барои сарсахтиҳояш дар масъалаи баҳсбарангези ҳастаии ин кишвар ҷорӣ кунад. Таҳримҳо инчунин марбут ба манъи фаъолияти бонки "Миллӣ" дар Аврупо мебошад. Ин бонки бузургтарини эронӣ маҳсуб мешавад. Инчунин исми бештари ширкатҳо ва мутахассисони баландпояи ин кишвар вориди рӯйхати сиёҳи Бруссел шуд, ки ҳаққи сафар ба Иттиҳодияи Аврупоро нахоҳанд дошт. Давлатҳои ғарбӣ ҳарос доранд, ки Эрон бо баҳонаи анҷоми таҳқиқоти сулҳомез дар андешаи бунёди бомбаи атомӣ мебошад. Меҳдии Сафарӣ, муовини вазири хориҷаи Эрон дар умури Аврупо гуфт, ки таҳримҳои гузашта ба фаъолиятҳои иқтисодии ин кишвар ҳеҷ асаре надоштааст ва нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG