Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Теҳрон


Иттиҳодияи Аврупо дар вокуниш ба сарпечии Эрон аз қатъи ғанисозии ураниум алайҳи ин кишвар таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад. Аз ин баъд, аз ҷумла, бузургтарин бонки Эрон – Бонки Миллӣ аз имкони фаъолият дар Аврупо маҳрум хоҳад шуд.

Ҳамзамон Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳо алайҳи Кубаро комилан лағв кард ва изҳори итминон намуд, ки ин гом ба рушди демократия дар ин кишвар мусоидат хоҳад кард. Таҳримҳо алайҳи Куба се сол пеш мутаваққиф шуда буданд.

XS
SM
MD
LG