Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти "Бағдод" дар Аврупо


Дар Аврупо амалиёти густарда алайҳи як гурӯҳи ҷиноие доир гардид, ки ба интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо машғул буд. Барои ширкат дар амалиёт ҳудуди ҳазор тан аз корманди полис сафарбар шуданд. Полиси Аврупо ё Европол хабар дод, ки дар Бритониё, Олмон, Юнон, Ҳуланд, Норвегия, Фаронса ва Шветсия 75 узви ин гурӯҳи ҷиноӣ ба даст уфтоданд. Амалиёт “Бағдод” номгузорӣ шуда буд, зеро бештари аъзои гурӯҳи ҷиноӣ шаҳрвандони Ироқанд.
XS
SM
MD
LG