Пайвандҳои дастрасӣ

Гулулаборон дар Диёла


Тибқи хабарҳо аз Бағдод, бар асари гулулаборон аз миномётҳо дар вилояти Диёлаи Ироқ дасти кам 10 кас кушта ва тақрибан 20 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Гуфта мешавад, ҳадафи ин ҳамла шояд қароргоҳи полис дар шаҳри Ал-Адҳаим буд ва аммо гулулаҳо дар манзили мардум инфиҷор карданд. Диёла яке аз нооромтарин манотиқи Ироқ маҳсуб мешавад. Дирӯз як зан худро дар маркази ин вилоят шаҳри Бақуба инфиҷор кард ва бар асари ин 16 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG