Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳаводиси Хоруғ аз нигоҳи вазорати дохила


Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон имрӯз дар робита ба ҳаводиси ахир дар шаҳри Хоруғ, маркази Бадахшони Кӯҳистон изҳороти расмӣ нашр кард. Дар изҳорот, аз ҷумла, омадааст, ки шурӯъ аз рӯзи 20 июн бо амри раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Хоруғ гурӯҳи корие ба фаъолият шурӯъ кард, ки раҳбарии онро вазири умури дохила Муҳаммадназар Солиев бар дӯш дорад. Тасмим дар бораи таъсиси гурӯҳ баъди номаи фармондеҳони собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик дар Бадахшон Имомназар Имомназаров, Толиб Аӣёмбеков, Ёдгор Мамадасламов ва Мамадбоқир Мамадбоқиров унвони раисиҷумҳур гирифта шудааст. Тибқи изҳороти вазорати умури дохила, шурӯъ аз рӯзи 22 июн дар Хоруғ маъракаи ихтиёрӣ таслим кардани силоҳ шурӯъ шудааст. Дар изҳорот ҳамчунин омадааст, "ин маърака то куҷо самимӣ буданӣ гуфтаҳои фармондеҳони собиқ дар бораи пуштибонияшон аз зиндагии осоиштаи мардумро намоиш хоҳад дод".
Тавре хабар дода будем, сокинони Хоруғ ҳафтаи гузашта алайҳи вуруди нерӯҳои иловагии вазорати умури дохила ва кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ду бор дар намоиши эътирозӣ гирдиҳам омада буданд. Онҳо аз имкони такрори ҳаводиси шаҳри Кӯлоб ва баргузории амалиёти боздошти фармондеҳони собиқ изҳори нигаронӣ ва бозпас хондани ин нерӯҳоро талаб карда буданд.

XS
SM
MD
LG