Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 55 ошӯбгар дар Пактико


Дар як задухурд дар марз бо Покистон низомиёни Эътилофи таҳти фармони Иёлоти Муттаҳида 55 ошӯбгарм афғонро куштанд. Дар изҳороти ахиран нашршудаи эътилоф омадааст, ки задухурд 20 июн дар вилояти Пактико, воқеъ дар шарқи Афғонистон ба вуқуъ пайваст. Гуфта мешавад, ки ошӯбгарони афғон дар ҳамла болои низомиён аз тӯпхона ва мушакҳо истифода карданд, дар ҷавоб ҳавопаймоҳои низомӣ онҳоро мавриди бамборон қарор доданд. Тибқи изҳорот, миёни ошӯбгарон се фармондеҳи аршади мухолифи ҳукумат низ ҳастанд ва аммо ному насаби онҳо ҳанӯз ошкор нашудааст. Ҳамчунин 25 тан аз ошубгарон маҷрӯҳ ва се нафари дигарашон боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG