Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимати нафт дар Осиё боз ҳам боло рафт


Бо вуҷуди тасмими Арабистони саъудӣ барои афзоиши тавлиди нафт қимати ин маводи сӯхт дар бозорҳои Осиё боло рафт. Дар биржаҳои ин қора қимати нафт барои содирот дар моҳи август ба беш аз 136 доллар барои як бушка расид, ки назар ба охири ҳафтаи гузашта як доллар бештар аст.

Дирӯз дар нишасти фавқулодда бахшиба ба болоравии қимати нафт дар Ҷиддаҳ мақомоти Арабистони Саъудӣ изҳор намуданд, ки бо назардошти талаботи бозор ва ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши қимати нафт тавлиди ин маводи сӯхтро то 9,7 миллион бушка боло мебаранд.

XS
SM
MD
LG