Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳои Freedom House аз заъфи демократия


Созмони амрикоии дифоъ аз ҳуқуқи башар Freedom House ё Хонаи Озодӣ се кишвари собиқ шӯравӣ - Русия, Қазоқистон ва Озарбойҷонро барои кунд шудани раванди рушди демократия дар пасманзари даромадҳои бузург аз фурӯши нафт мавриди интиқод қарор додааст. Дар гузориши Хонаи Озодӣ омадааст, ки ҳукуматҳои ин се кишвар озодиҳои шаҳрвандӣ ва фаъолияти созмонҳои ҷамъиятиро маҳдуд сохтаанд. Ин гузориши Freedom House расман рӯзи сешанбе нашр хоҳад шуд.

Муаллифони гузориш, аз ҷумла, навиштаанд, ки “раисиҷумҳури собиқи Русия Владимир Путин “капитализми авторитари”-ро озмоиш кард, забони матбуоти мустақилро баст ва системи додгоҳиро ба ҳадде расонд, ки акнун аз адолати додгоҳӣ дар кишвар ҳатто нишоне боқӣ намондааст”.

XS
SM
MD
LG