Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фидел Кастро: миёни коммунистони Куба ҷудоӣ нест


Фидел Кастро овозаҳо дар бораи ҷудоӣ миёни коммунистҳои Кубаро рад кард. Дар чанд ташреҳ дар сомонаи интернетии расмӣ раиси ҷумҳури собиқи Куба гуфтааст, ки ҳизбиён аз сиёсати Раул пуштибонӣ мекунанд.

Раул Кастро моҳи феврали соли равон, баъди бар асари маризӣ аз маснади раиси ҷумҳур даст кашидани бародараш Фидел, сарварии Кубаро бар дӯш гирифт. Баъди сари қудрат омадан ӯ дар Куба чанд ислоҳотро ба роҳ монд ва аз ҷумла, фурӯши озоди компутарҳо, телефонҳои дастӣ ва иҷораи мошинро иҷоза дод.

XS
SM
MD
LG