Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи даргириҳо дар Лубнон


Бар асари задухурдҳо дар шаҳри Триполӣ, воқеъ дар шимоли Лубнон шаш кас кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шудаанд. Мусаллаҳони гурӯҳи суннимазҳаби ҷонибдор аз ҳукумат ва мухолифини наздик ба ҷунбиши “Ҳизбуллоҳ”, ки ду рӯз боз вориди даргириянд, аз мусалсал ва грантомётҳо истифода мебаранд. Артиши кишвар талош дорад, ки аз идомаи хунрезӣ ҷилавгирӣ кунад.

Хушанат дар шимоли Лубнон дар ҳоле идома меёбад, ки талошҳои сарвазир Фуод Синиора барои таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ то ҳол ноком будаанд.

XS
SM
MD
LG