Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Австрия ва Швейтсария даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо-2008 ҷараён дорад. Чаҳор даста – Олмон, Туркия, Русия ва Испания - ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар даври чаҳорякниҳоӣ Олмон бар Португалия бо ҳисоби 3:2 пирӯз гардид.

Замони асосӣ ва изофии дидори Туркия ва Хорватия бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Туркия аз рӯи пенолти бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Дар дидори Ҳолланду Русия тақдири бозӣ дар замони изофӣ бо ҳисоби 3:1 ба нафъи Русия анҷом пазируфт.

Замони асосӣ ва изофии дидори Испанияву Итолиё бидуни гол ба поин расид. Аз рӯи пенолти Испания қаҳрамони феълии ҷаҳонро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод.

Бад-ин тартиб дар даври ниманиҳоӣ 25-уми июн Олмон ва Туркия, 26-уми июн Русия ва Испания бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. Воқеъан дар бозии гурӯҳи « D» Испания бар Русия бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуда буд.

Бозии ниҳоии Ҷоми Аврупо-2008 рӯзи 29-уми июн дар варзишгоҳи Эрнст-Ҳаппели шаҳри Вена, пойтахти Австрия, баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG