Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Озмоиши чархаи дуюми Сангтӯда-1


Тибқи иттиллои ширкати «Барқи тоҷик», имрӯз чархаи дувуми нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 озмоиш мешавад. Алексей Силантев, муҳандиси аршади ширкати «Барқи тоҷик гуфтааст, дар сурати анҷоми озмоиши бобарори ин чарха аз ибтидои моҳи июли соли ҷорӣ комилан фаъол ва дар баробари чархаи аввал ба тавлиди барқ шурӯъ хоҳад кард. Ин дувумин чарха аз чаҳор чархаи нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» аст, ки бо 75 дарсад саҳми ширкати РАО ЕЭС-и Русия ва 25 дарсад саҳми Тоҷикистон бунёд мешавад. Чархаи аввали ин нерӯгоҳ, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ ба кор шурӯъ карда буд, барқи тавлидии худро ба сокинон ва корхонаҳои Тоҷикистон интиқол медиҳад. Неругоҳи Сангтӯда -1 солона 670 меговатт нерӯ тавлид холҳад кард ва дар садкилометараи ҷануби Душанӣбе ҷойгир шудааст.
XS
SM
MD
LG