Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии Зимбабве дар Шӯрои амнияти СММ


Кохи Сафед гуфт, ки омода аст мавзӯи интихоботи тақаллубии Зимбабверо дар Шӯрои амнияти СММ баъди аз сабқат канор рафтани раҳбари мухолифин Морган Тсвангерае ба баррасӣ гузорад. Танҳо номзади интихоботӣ раиси ҷумҳурӣ Роберт Мугабе мебошад, ки дар тақаллуби натиҷаҳои интихобот муттаҳам мешавад. Дар пайи даври аввали интихобот тарафдорони Роберт Мугабе пуштибонони мухолифинро мавриди лату кӯб, таҷовуз ва куштор қарор доданд ва Морган Тсвангерае гуфт, ки дигар наметавонад ҳаводорони худро бо хатар рӯбарӯ кунад. Сухангӯи Кохи Сафед Карлтон Каролл рӯзи якшанбе гуфт, ки Мугабе иҷоза нахоҳад ёфт, ки тамоми умр мардуми Зимбабверо саркӯб кунад. Имрӯз вазъи ин кишвари африқоӣ дар Шӯрои амнияти СММ баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG