Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши Райс ба изҳороти Карзай


Вазири хориҷаи Амрико Кандализа Райс дар як мусоҳибаи телевизиониаш шоми дирӯз гуфт, ки таъқиби ҷангҷӯёни Толибон дар марзи Покистон амали оқилона нест. Вай баръакс раҳбарони Афғонистону Покистонро ба ҳамкории наздик бо ҳамдигар даъват кард. Изҳороти Райс баъди он садо дод, ки ҳафтаи гузашта Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон таҳдид кард, ки бо ҳадафҳои дифоъ аз худ, алайҳи Толибон дар дохили хоки Покистон мубориза мебарад. Райс дар сӯҳбат бо телевизиони CNN гуфт, ки Толибон дар ҳар ду сӯи марз мустақар ҳастанд ва бояд нобуд шаванд. Вай афзуд, ки беҳтар хоҳад буд агар Афғонистону Покистон дар қитъаҳои марзии мавриди эътибори худ қарор гирифта ҳамкории наздиктарро ба роҳ монанд.
XS
SM
MD
LG