Пайвандҳои дастрасӣ

Рақиби Мугобе аз мубориза даст кашид


Раҳбари мухолифони Зимбабве, Морган Тсвангирай имрӯз номзадии худро аз даври дувуми интихоботи президентии ин кишвар бозпас гирифт. Вай, ки дар муқобили президент Роберт Мугобе сабқат мекард, гуфт, барои он аз иштирок дар интихобот худдорӣ кард, ки ба озод ва одилона гузаштани он бовар надорад. Вай афзуд, ҳизбаш наметавонад, аз интихобкунандагон хостори пуштибонӣ шавад, зеро раъйи онҳо мумкин аст, баробар бо ҷонашон бошад. Мухолифон ба гуфтаи ӯ, аз ин ба баъд наметавонанд, дар маъаракае, ки пур аз хушунат ва шармандагист, шарик бошанд. Тсвангирай ҳукуматро дар пеш бурдани террор ва қатли оми мухолифон дар ростои интихоботи 27-уми июн айбдор кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG