Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба варзиши сабук шоми 22-вуми июн ба анҷом расид.

Дар рақобатҳо беш аз 150 варзишгар аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ширкат доштанд.
Дар сабқати занон варзишгарони шаҳри Душанбе - Влада Овчаренко дар давидан ба масофаи 100 метр (12,93 сония), Инга Счастнович дар давидан ба масофаи 200 метр (27,75 сония), Олга Герасимова дар давидан ба масофаи 400 метр (1 дақиқаю 01,89 сония), Надежда Риоева дар давидан ба масофаҳои 800 метр (2.26,60) ва 1500 метр (5,05,48), Надима Мирзоева дар давидан ба масофаи 3 километр (12.00,75), Мавҷуда Ҳайдаралиева дар давидан ба масофаи 400 метр бо монеъа (1.09,85) ва Мадина Эргашева дар роҳгардии варзишӣ ба масофаи 10 км (1 соату 39 сония) ҷойҳои аввалро касб карданд.
Кристина Пронженко, аз ноҳияи Масчои вилояти Суғд, дар се навъи рақобатҳо – ҷаҳидан ба баландӣ (1 м 50 см), ҷаҳидан ба дарозӣ (4м 98 см) ва ҷаҳиши секарата (10 м 90 см) - се медали тилло ба даст овард.
Галина Митяеваи душанбегӣ дар гурзандозӣ (57, 23 м) ва партови вазна (8, 58 м) ғолиб шуд.
Наргис Бозорова, аз шаҳри Хуҷанд, дар партови диск (25, 84 м) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.
Дар сабқати мардон варзишгарони Душанбе - Игор Хан дар давидан ба масофаи 100 метр (11, 28 сония), Фирдавс Азизов дар давидан ба масофаҳои 400 метр (50, 97 сония) ва 800 метр (1 дақиқаю 53,69 сония) ва Сайёд Зайниддинов дар давидин ба масофаи 1500 метр (4 дақиқаю 10,08 сония) – соҳиби медалҳои тило гардиданд.
Александр Пронженко, аз ноҳияи Масчо, дар давидан ба масофаи 110 метр бо монеъа (16, 28 сония), Александр Базаев, аз Хуҷанд, дар давидан ба масофаи 400 метр бо монеъа (58,9 сония), Сотиболдӣ Ҳаитов, аз шаҳри Турсунзода, дар ду навъи рақобатҳо – давидан ба масофаҳои 5 км (15.39,02) ва 110 км (32.27,65) натоиҷи беҳтарин нишон доданд.
Душанбегиҳо Дилшод Назаров дар гурзандозӣ (75 м 09 см), Руслан Аҳмадов дар партови вазна (12,30 метр) ва Ҳусниддин Алиев дар партови диск (37, 51 метр) байни мардон ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Варзишгари пойтахт Александр Балатаев дар ҷаҳидан ба дарозӣ (6 м 28 см) байни мардон ва Тоҳир Исҳоқов, аз ноҳияи Ҳисор, дар ҷаҳидан ба баландӣ (1 м 70 см) байни мардон ғалаба карданд.
Дар эстафетаи чаҳоркаса ба масофаҳои 100 ва 400 метр байни занону мардон дастаи Душанбе-1 пирӯз гардид.
XS
SM
MD
LG