Пайвандҳои дастрасӣ

Охирин сарбозони Австралиё Ироқро тарк карданд


Охирин гурӯҳи сарбозони ҷангии Австралиё аз Ироқ хориҷ шуда, ба ватан баргашт. Бо ин ваъдаи пешазинтихоботии сарвазири Австралиё, Кевин Рудд ба иҷро расид, ки гуфта буд, нерӯҳои ҷангии кишварашро то нимаҳои сол ба ватан боз хоҳад хонд. Фармондеҳи ин гурӯҳ, Стивен Дей гуфт, сарбозон аз иҷрои вазифаи хеш дар Ироқ ҳисси ифтихор ва сарбаландӣ доранд. Дар Ироқ як ҳазор сарбози Австралиё боқӣ мондаанд, ки дар амалиёти ҷангӣ ширкат нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG