Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сар аз аввали моҳи июл бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон поёнтарин ҳадди музди кор ва нафақа афзоиш меёбад.

Вай фармудааст, ҳадди камтарини музди кор дар ҳамаи риштаҳои иқтисодиёти кишвар ва ҳадди ақалли нафақаи бознишастагӣ 60 сомонӣ муқаррар шавад.

Тибқи ҳамин фармон музди кори ҳармоҳaи кормандони буҷавӣ аз 40 то 70 дарсад зиёд мешавад. Аз якуми сентябр моҳонаи кормандони риштаи омӯзишу парвариш 40 дарсад боло бурда мешавад. Ин афзоиш ҳамчунин ба бурси донишҷӯён ва олимони ҷавон дахл хоҳад дошт.

Дар фармон аз тағйири навҳаи таъини музди кор дар идора ва муассисаҳои давлатӣ, барои хидматчиёни ҳарбӣ ва ниҳодҳои умури дохилӣ, кормандони адлия, додгоҳ ва додситонӣ низ сухан рафта, аммо мушаххасоте оварда нашудааст. Ин мушаххасот дар замимаи фармони мазкур баён гаштаанд, ки ба нашр нарасидааст.

Аммо дар тавзеҳоти фармони президент гуфта мешавад, дар маҷмӯъ дастмузди кормандони сохторҳои қудратии кишвар ду то 2,3 баробар зиёд мешавад. Ҳамзамон пардохтҳои иловагӣ, аз ҷумла хидмат дар манотиқи биёбонӣ, беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минбаъд на аз рӯӯи ҳадди ақалли музди кор, балки дарсади моҳонаи кормандон шумориш мешавад.

Ба ин тартиб, бо вуҷуди афзоиши нисбии маоши кормандони риштаҳои гуногун аз 40 то 70 дарсад, бузургтарин афзоиши дастмузд ба ҳарбиён, милиса, кормандони идорӣ, додситонӣ ва додгоҳҳо тааллуқ мегирад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар тавзеҳот ба фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфта мешавад, дастури афзоиши музд ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шудааст.
XS
SM
MD
LG