Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои Григорий Явлинский аз раёсати "Яблоко"


Раҳбари дарозмуддати ҳизби мухолифи давлати Русия -- "Яблоко" гуфт, аз ин мақом истеъфо медиҳад. Григорий Явлинский ин тасмимро дар анҷумани ҳизб эълом дошт. Вай 15 соли охир раҳбарии ин ҳизбро дар ӯҳда дошт. Ҳизби ӯ натавонист дар интихоботи порлумонии моҳи декабр, ки нозирони ғарбӣ онро ғайридемократӣ хонданд, намояндаеро ба маҷлис ворид кунад. Вакилони анҷумани ҳизбӣ ба ҷои Явлинский Сергей Митрохинро раиси "Яблоко" интихоб карданд. Митрохини 45-сола дар соли 2005 узви Думаи шаҳри Маскав интихоб шуда ва ҷиноҳи ҳизбашро дар ин маҷлис сарварӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG