Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба НАТО аз қаламрави Покистон


Намояндагони Нерӯҳои байнулмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон мегӯянд, яке аз пойгоҳҳои ин эътилоф дар Афғонистон аз қаламрави Покистон мавриди ҳамла қарор гирифт. Дар изҳороти хаттии эътилоф гуфта мешавад, нерӯҳои байнулмилалӣ дар посух ба ҳамлаи мушакӣ аз тӯпхона истифода карданд ва ба манбаъи оташ дар ҳудуди Покистон зарба заданд. Аз талафот хабар нарасидааст. Паймони Атлантики Шимолӣ аз Покистон даъват кард, ба дунболи афзоиши ҳамлаҳои фаромарзии мусаллаҳони тарафдори толибҳо амниятро дар марзҳои худ бо Афғонистон тақвият диҳад.
XS
SM
MD
LG