Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйирот дар ҳизби «Яблоко»-и Русия


Сергей Митрохин
Сергей Митрохин

Вакилони анҷумани навбатии ҳизби «Яблоко» сергей Митрохинро раиси ҳизб интихоб карданд.

Ба номзадии Сергей Митрохин, ки то ин дам бахши маскавии ҳизбро сарварӣ мекард, аксари вакилони анҷумани XVI -уми ҳизби «Яблоко» раъй доданд.
Дар ин бора Ожонсии иттилоъотии «Новости» (Русия) хабар дод.
Гуфта мешавад, дар интихоботи раиси ҳизб рақибони номзадии Сергея Митрохин, ки раиси қаблии он Григорий Явлинский пешниҳод карда ва ба нишони тарафдории ӯ номзадии худро ҳам пас гирифта буд, Василий Попов, раҳбари бахши карелии ҳизб, ва сарвари бахши петербургии ҳизб Максим Резник буданд.

Сергей Митрохин намояндаи ҳизби "Яблоко" дар Думаи шаҳри Маскав, пойтахти Русия, мебошад.
XS
SM
MD
LG