Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эҳтимоли таҳримҳои Аврупо зидди Арманистон


Гирдиҳамоии ахири мухолифини ҳукумат дар Еревон, 20-уми июни соли 2008

Гирдиҳамоии ахири мухолифини ҳукумат дар Еревон, 20-уми июни соли 2008

Имкон дорад, ки Аврупо, зимни интиқод аз интихоботи президентии Арманистон, алайҳи кишвар таҳримҳо эълон кунад.

Маҷмаъи порлумонии Шӯрои Аврупо ҳафтаи оянда дар Страсбург дар қатори чандин масъала хушунатҳои пасоинтихоботии Арманистонро низ баррасӣ хоҳад кард. Дар изҳороти пешакии худ ин созмон гуфтааст, дар ҳоли ҳозир аз баёноти ҳукумати Арманистон дар ин бора қонеъ нест. Гузоришгари Маҷмаъи порлумонии Шӯрои Аврупо дар масъалаҳои марбут ба Арманистон сенатори фаронсавӣ Ҷорҷес Коломбиа ба радиои «Озодӣ» гуфт, яке аз суъолҳо ба сарнавишти маҳбусони сиёсӣ дахл дорад, ҳарчанд посухи Еревон дар ин бобат қаноъатбахш нест.
Маҷмаъи порлумонии Шӯрои Аврупо дар қатъномаи вижаи худ аз Арманистон талаб карда буд, хушунатҳои баъд аз интихоботи президентии моҳи март, ки бар асари онҳо 10 нафар кушта шуд, бо ҷузъиёти комил ва ба таври шаффоф таҳқиқ шаванд. Дар ин қатънома ҳамчунин ба озодии ҳамаи маҳбусони сиёсӣ ва шурӯъи муколама миёни ҳукумату мухолифон тақозо мешуд.
Акси зиндониёни сиёсӣ дар деворе дар маркази пойтахти Арманистон
Коломбиа хостори таҳмили таҳримҳои Аврупо бар зидди Арманистон аст, вале бар ин аст, ки гуфтугӯ бо Еревон низ бояд идома кунад: "Таҳримҳои Шӯрои Аврупо ба таври автоматик маҳбусонро озод намекунанд. Қатъи муколама бо Арманистон лузуман роҳи беҳтарини бозгардони ин кишвар ба ҷоддаи демократия нест. Набояд фаромӯш кард, ки ҳамагӣ 16 сол аст онҳо бо демократия сари кор доранд, дар ҳоле ки бархе аз демократияҳои куҳна (монанди Фаронса, ки ду қарн боз ҷуҳмурист) низ гоҳе ба беҳбуд ниёз доранд".
Ҳазорон нафар аз тарафдорони мухолифон рӯзи ҷумъа дар Еревон, пойтахти Арманистон, ба нишони эътироз тазоҳурот карданд. Онҳо натиҷаҳои интихоботро, ки бо пирӯзии сарвазири вақт Серж Саркиcян ба поён расида буд, рад ва баргузории интихоботи навро талаб мекунанд.
Раҳбари мухолифон ва президенти пешини Арманистон Левон Тер-Петросян 53 дарсад раъй гирфтани Саркисянро номумкин мешуморад ва мегӯяд, ки интихобот бо қонуншиканиҳои зиёде ҳамроҳ буд.
Пас аз эълони натиҷаҳои сафари як ҳайъати вижа ба Арманистон ва баҳси вакилонаш Маҷмаъи порлумонии Шӯрои Аврупо дар бобати муносибати минбаъдаи худ бо Арманистон тасмимгирӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG