Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Арғандоб қариб 100 толиб кушта шудааст


Намояндаи аршади мақомоти низомии Афғонистон гуфт, дар амалиёти густардаи наздикии Қандаҳор 94 ситезаҷӯ, аз ҷумла размандагони марбут ба Ал Қоъида кушта шудаанд. Қаблан шумори кушташудагон камтар эълон шуда буд. Генерал Шермуҳаммад Каримӣ гуфт, аксари кушташудагон хориҷӣ будаанд. Пештар намояндаи Вазорати дифоъи Афғонистон хабар дода буд, ки дар амалиёти муштараки урдуи Афғонистон ва нерӯҳои НАТО 56 ошӯбгар ба ҳалокат расидааст. Ин амалиёт бар зидди онҳое буд, ки якшанбеи гузашта ба маҳбаси Қандаҳор ҳамла ва афроди худро аз ин ҷо озод карданд.
XS
SM
MD
LG