Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайри машъали олимпӣ дар хиёбонҳои Тибет


Машъали олимпӣ имрӯз аз Лҳаса, пойтахти Тибет гузашт. Пеш аз дар додани он, садҳо нафар аз ҳозирон бо гиромидошти хотираи қурбониёни заминларзаи шадиди моҳи гузашта дар вилояти Сичуан як дақиқа сукут варзиданд. Сипас машъалро аз хиёбонҳои асосии Лҳаса, аз ҷумла аз назди кохе, ки дар гузашта нишемани Далай Ламаи рондашуда буд, интиқол доданд. Созмонҳоиҳ уқуқи башар аз вазъи ҳуқуқу озодии инсон дар Чин ва ба вижа саркӯбии тазоҳуркунандагони моҳи март дар Тибет изҳори нигаронӣ мекунанд. Тибетиҳо бар зидди ҳокимияти Чин ба Тибет намоишҳои эътирозие барпо карданд, ки дар ҷараёни он даҳҳо нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG