Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сахту сафеди кашфшуда дар Миррих ях будааст


Донишмандони Бунгоҳи фазонавардии Иёлоти Муттаҳида, НАСА, мегӯянд, маводи сафеде, ки аз тарафи роботи Феникс дар сайёраи Миррих кашф шудааст, ях мебошад. Питер Смит аз Донишгоҳи Аризона гуфт, маводи рушан ва сахт дар ҳақиқат оби яхбастааст, на чизи дигаре. Сафинаи Феникс, ки дар моҳи май ба Миррих фуруд омад ва ба омӯзиши қишри он дар наздикии қутби шимолаш машғул аст. Олимон мегӯянд, ҳанӯз таркиби ях омӯхта нашудааст, вале вокунишҳои маводи сафеди сахт ба ях будани он далолат мекунад.
XS
SM
MD
LG