Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони Иттиҳоди Аврупо пас аз назархоҳии Ирлонд


Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ба тавофуқ расиданд, ки бо вуҷуди рад шуданаш дар Ирлонд, тавсиби аҳдномаи Лисабон дар кишварҳои дигар бояд идома ёбад. Онҳо тасмими худро дар мавриди раъйдиҳии Ирлонд то моҳи октябр ба таъвиқ гузоштанд. Онҳо ҳамчунин таъхири Ҷумҳурии Чехро дар баррасии аҳднома низ эътироф карданд ва чандин нафар аз сарони иттиҳод ҳушдор доданд, ки то ҳалли бӯҳроне, ки аз назархоҳии Ирлонд шурӯъ шуд, аъзои наве ба иттиҳод пазируфта нашавад.
XS
SM
MD
LG