Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Ереван гирдиҳамоии мухолифин доир шуд


Барои аввалин бор баъди нооромиҳои баъдиинтихоботии соли равон дар пойтахти Арманистон гирдиҳамоии эътирозӣ барпо шуд. Дар эътирозҳои баъди интихоботи соли равон дар Арманистон даҳ нафар ба ҳалокат расида буданд. Ташкилкунандагони эътироз мегӯянд, ки дар майдон камаш 50 ҳазор нафар ҷамъ шуда буданд, вале полис таъкид мекунад6 ки шумораи эътирозгарон аз 10 ҳазор нафар бештар набуд.
Дар ибтидо мақомоти шаҳри Ереван гирдиҳамоиро манъ карданд. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ афсарони полис иброз доштанд, ки ташкил кунандагони ҷамъомад ваъда доданд, ки назму суботро ҳифз хоҳанд кард. Сипас мақомот ба гирдиҳамоӣ иҷозат доданд.
Гирдиҳамоӣ дар Ереван се рӯз пеш аз овоздиҳӣ дар Маҷмаи кулли Шӯрои Аврупо доир шуд. Ҳафтаи ояндаи шӯрои Аврупо имкони аз ҳаққи овоздиҳӣ маҳрум намудани Арманистонро баҳс мекунад. Сабаби ин иқдом саркашӣ аз беҳбуди вазъи сиёсӣ дар паи интихоботи зидду нақизи президенти ин кишвар аст.

XS
SM
MD
LG