Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Клинтон бо раъйдиҳандагон вомехӯранд


Ҳафтаи оянда довталаби курсии президенти ИМА аз ҳизби демократ Барак Обама ҳамроҳ бо сенатор Ҳилларӣ Клинтон бо райъдиҳандагон мулоқот хоҳад кард.
Дафтари матбуотии Обама изҳор намуд, ки рӯзи ҷумъаи 27 июн ду сенатори қаблан рақиб муштаракан бо райъдиҳандагон мулоқот мекунанд. Тафсилоти бештар дастрас нашудааст. Ибтидои моҳи равон маълум шуд, ки аксари вакилони ҳизби демократ аз номзадии Обама пуштибонӣ мекунанд. Баъд аз он Клинтон маъракаи пеш аз интихоботиашро мутаваққиф кард. Рақобати шадиди Обама ва Клинтон дар сафҳои ҳизби демократ рахна ба амал овардааст.
XS
SM
MD
LG