Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сунниҳои Эрон ду афсари полисро ба қатл расондаанд


Гурӯҳи ифротгарои мусулмонони суннимазҳаби Эрон бо номи Ҷундуллоҳ изҳор намуд, ки ду афсари полиси эрониро ба қатл расондааст. Гурӯҳи мазкур мегӯяд, ҳафтаи гузашта ҳукумати шиамазҳаби Эрон ду узви ин гурӯҳро эъдом кард. Ҷундуллоҳ куштори афсаронро ҷавоб ба ҳукумат номидааст.
Сухангӯи гурӯҳ дар сӯҳбат бо телевизиони арабзабони ал-Арабия таъкид кардааст, ки агар ҳукумат 200 узви ин гурӯҳро аз зиндонҳояш раҳо накунад, Ҷундуллоҳ 14 афсари дигари рабудашударо низ ба қатл мерасонад. Телевизиони ал-Арабия навори видеои ду нафареро, ки баъдан кушта шуданд, намоиш дод, аммо худи кушторро намоиш надодаанд.
Гурӯҳи Ҷундуллоҳ ва ё Сарбози худо масъулияти куштори 11 узви сипоҳи инқилоби исломии Эрон дар ҷануби ин кишварро бар дӯш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG