Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Яҳудиёни Тоҷикистон бе каниса монданд


Чанд рӯз қабл дар ин ҷо канисаи яҳудиён воқеъ буд

Чанд рӯз қабл дар ин ҷо канисаи яҳудиён воқеъ буд

Ягона канисаи яҳудиёни Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба далели он ки заминаш барои сохтмони «Қасри миллат» зарур аст, тахриб шудааст.

Ин дар ҳолест, ки яҳудиён мегӯянд, шаҳрдории Душанбе ба онҳо барои бунёди бинои нави каниса дар ҳеҷ як гӯшаи шаҳр замин ва маблағ ихтисос надодааст.

Девид Ксилков, масъули канисаи яҳудиён мегӯяд, талошҳои яҳудиёни Тоҷикистон барои тахриб накардани ибодатгоҳи мазкур бенатиҷа анҷомид ва мақомот субҳи рӯзи 20-уми июн бинои канисаро ба замин ҳамвор карданд. Оқои Ксилков афзуд, додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе баҳси яҳудиён бо шаҳрдории Душанберо рӯи ин каниса ба манфиати шаҳрдорӣ ҳал кардааст ва бар асоси ҳукми додгоҳ шаҳрдорӣ ҳаққи тахриб кардани канисаро пайдо карда, барои сохтмони ҷадиди он ҷой ҷудо намекунад ва маблағеро низ тахсис намедиҳад.

Вай гуфт, яҳудиён аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят кардаанд, вале ин додгоҳ низ қазияро ба манфиати ҳукуматдорон ҳал кардааст: Ӯ афзуд: «Додгоҳи шаҳрӣ ва маҳаллӣ ин масъаларо ду бор мавриди баррасӣ қарор доданд. Мо ба додгоҳи болоӣ- ҷиҳати таҷдиди назар аз ноодилона будани ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шикоят кардем, вале ҳукми додгоҳ тағйир наёфт. Ҳукми додгоҳ чи тавре, ки буд, ҳамон хел монд. Акнун канисаро тахриб карданд»

Канисаи яҳудиён бар асоси қарори додгоҳ дар ҳоле тахриб шуд, ки ҳукумати Душанбе қаблан мехост, онро ба яке аз маҳаллоти канории пойтахт кӯч бидиҳад. Аммо яҳудиён мехостанд, ки шаҳрдорӣ дар маркази ин шаҳр барои канисаи онҳо сохтмонеро ихтисос диҳад, ки дар он ихлосмандон тавонанд, таҳорату ибодат кунанд.

Михаил Абдураҳмонов, хохоми канисаи акнун тахрибшудаи яҳудиёни Тоҷикистон мегӯяд, шаҳрдорӣ макони дигаре барои бунёди ибодатгоҳ ба онҳо пешниҳод накардааст.

Яҳудиён мегӯянд, маҳрум кардани онҳо аз ибодатгоҳашон бар хилофи қонунгузории Тоҷикистон сурат гирифтааст. Ба қавли онҳо мақомоти Тоҷикистон ҳаққи тахриби ибодатгоҳи эшонро надоштаанд.

Баҳси яҳудиёни Душанбе бо шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон замоне шуруъ шуд, ки шаҳрдории Душанбе дар пайи судури як фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи эҳдоси «Кохи миллат» дар маркази пойтахти ин кишвар тасмим гирифт, ки канисаи яҳудиён дар канори куллия сохтмонҳои қадимӣ дар атрофи бозори «Баракат» тахриб шавад.

Канисаи яҳудиён дар авоили қарни 20-и мелодӣ дар яке аз маҳалоти марказии Душанбе, ки дар он солҳо як рустои кӯчак буд, эҳдос шудааст. Ин каниса барои аксари яҳудиён танҳо маҳалле маҳсуб мешуд, ки он ҷо бо ҳам дидорбинӣ намуда, табодули назар мекарданд. Бар асоси гузоришҳои расмӣ дар ҳоли хозир дар Тоҷикистон беш аз 500 яҳудӣ ба сар мебаранд, ки аксари онон дар шаҳри Душанбе кору зиндагӣ доранд.

Яҳудиёни Душанбе, маъмулан авохири ҳар ҳафта дар рӯзи шанбе барои ниёиш ба ин каниса гирдиҳам меомаданд, акнун онҳо намедонанд, дар куҷо ҷамъ шаванд ва ибодат кунанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG