Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Меркел бо Саакашвилӣ вомехӯрад


Дар ҳоле равобити Русияву Гурҷистон бо ташаннуҷи бештар мувоҷеҳ шудааст, ҳафтаи оянда кантслери Олмон Ангела Меркел бо президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ мулоқот хоҳад кард.
Дастгоҳи хонум Меркел изҳор намуд, ки мулоқоти раҳбари олмонӣ бо президент Саакашвилӣ 25 июн дар шаҳри Берлин доир мешавад. Олмон ва Фаронса мухолифи узвияти Гурҷистон дар паймони НАТО буда, моҳи апрел ризоят надоданд ба Гурҷистон мақоми довталаби узвияти НАТО тақдим шавад.
Русия шадидан мухолифи узвияти Гурҷистон дар НАТО буда, ҷудоихоҳони Абхозистонро дастгирӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG