Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мухолифи истифодаи силоҳ бар зидди Эрон аст


Рӯзи ҷумъа вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бар зидди истифодаи силоҳ дар муқобили Эрон ҳушдор дод. Ӯ гуфт, ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки ин кишвар дар паи тавлиди силоҳи ҳаставӣ мебошад.
Изҳороти Лавров вақте садо дод, ки аз ӯ шарҳи изҳороти узви ҳукумати Исроил дар бораи эҳтимоли ҳамла болои Эронро дархост намуданд. Чанде пеш як узви ҳукумати Исроил гуфт, агар Ҷумҳурии исломӣ барномаи ҳаставиашро мутаваққиф накунад, Исроил болои Эрон ҳамла хоҳад кард.
Рӯзи ҷумъа расонаҳои амрикоӣ гузориш доданд, ки моҳи равон ҳавопаймоҳои исроилӣ ҳамла болои Эронро тамрин намуданд. Исроил аз тасдиқ ва ё такзиби ин хабар худдорӣ кардааст.
Дар ҳамин ҳол Эрон таъкид мекунад, ки барномаи ҳаставии ин кишвар ҳадафҳои осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG