Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО: Толибон аз Қандаҳору Арғандоб берун шуданд


Фармондеҳони низомии НАТО мегӯянд, дар натиҷаи амалиёти ҳарбӣ Толибон аз шаҳри Қандаҳору минтақаи Арғандоб берун кашида шуданд ва ҳоло ин манотиқ ором буда, зери назорати ҳукумати Афғонистон қарор доранд.
Рӯзи чоршанбе ҳавопаймоҳои эътилофи байналмилалӣ мавқеъҳои Толибонро мавриди оташ қарор доданду беш аз 1000 сарбози артиши афғон ҳамроҳ бо 300 афсару сарбози паймони НАТО бар муқобили Толибон амалиёти заминӣ пеш бурданд.
Ба гуфти мансабдорон дар ин амалиёт камаш 56 толиб ба қатл расида, даҳҳо ошӯбгари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Дар изҳороти нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) гуфта мешавад, ки дар Арғандоб амалиёти поккорӣ идома дорад, то мардуми осоишта имкони бозгашт ба хонаҳояшонро пайдо кунанд.

XS
SM
MD
LG