Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси назархоҳии Ирландия дар Иттиҳодияи Аврупо


Президенти Фаронса Николас Саркозӣ мегӯяд, то замоне, ки созиши Лиссабон ба ҳукми иҷро надарояд, тавсеаи Иттиҳодияи Аврупо мутаваққиф хоҳад шуд.
Дар поёни рӯзи аввали мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Бруссел Саркозӣ бо рӯзноманигорон вохӯрда буд.
Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо иқдомҳояшон дар паи нокомии назархоҳӣ дар Ирландияро баррасӣ мекунанд. Ҳафтаи гузашта раъйдиҳандагони ирландӣ аз тасвиби созиши Лиссабон худдорӣ карданд.
Саркозӣ гуфт, ки бо ҳадафи ҳалли бӯҳрон ӯ ҳафтаи оянда ба Ирландия сафар мекунад. Созиши Лиссабон танзими қабули қарорҳои дастаҷамъии аъзои Иттиҳодияро мадди назар дошта, фақат баъди тасвиб аз тарафи ҳамаи аъзои ин созмон ба ҳукми иҷро медарояд
XS
SM
MD
LG