Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи маргталабона дар Ҳилманд


Рӯзи ҷумъа дар ҷануби Афғонистон бомбгузори маргталаб болои корвони сарбозони НАТО ҳамла карда, панҷ фарди осоишта,а як сарбози НАТО ва як тарҷумони афғонро ба ҳалокат расонд.
Раиси полиси вилояти Ҳилманд Муҳаммад Ҳусейн Андивал мегӯяд, бомбгузор замоне болои корвони НАТО ҳамла кард, ки сарбозон аз бозори шаҳри Гиришк убур менамуданд. Ибтидо Андивал гуфта буд, ки дар ин ҳамла даҳ нафар кушта шудаанд, вале баъдан иброз дошт, ки дар ҷои ҳодиса мансабдорони Гиришк ба ӯ маълумоти нодуруст дода буданд. Ба гуфти Андивал дар байни панҷ қурбонии осоишта ду нафар кӯдак буданд. Дар ин ҳодиса чор нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Сухангӯи паймони НАТО дар Афғонистон изҳор намуд, ки дар ин ҳамла як сарбози НАТО ва як тарҷумони афғон ҳам ба қатл расидааст.
Намояндаи Толибон Қорӣ Муҳаммад Юсуф иддао дорад, ки ҳамларо ин ҷумбиши афротгарои исломӣ роҳандозӣ намудааст.
XS
SM
MD
LG