Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳошим Тачӣ иттиҳод бо Албанияро рад кард


Нахуствазири Косово Ҳошим Тачӣ сӯҳбатҳоро роҷеъ ба имкони муттаҳид шудани Албанияву Косово рад кард. Оқои Тачӣ дар ин бора дар Албания, нахустин сафари хориҷии худ изҳороте дод. Зимни сӯҳбат дар канори нахуствазири Албания Сали Бериша - Тачӣ гуфт, ки "Мардуми Косово ва Албания як миллат аммо ду давлат ҳастанд" ва аз ҳамин хотир ҳам онҳо бояд мустақилона дар роҳ сӯи Иттиҳодияи Аврупо гом бардоранд. Албания истиқлолияти Косоворо, ки дар он аксар албаниҳо зиндагӣ мекунанд, аз аввалинҳо шуда ба расмият шинохтааст.

XS
SM
MD
LG