Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти Афғонистон дар ҳоли анҷомёбист


Мақомот мегӯянд, ки артиши Афғонистон бо пуштибонии нирӯҳои ҳавоии НАТО рустоҳои наздики Қандаҳорро аз ҷангиёни Толибон поккорӣ карда, 56 ҷангиро кушта бар ҷой гузоштанд. Генерал Муҳаммад Зоҳири Азимӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон гуфт, ки нирӯҳои онҳо дар Арғандоб кофтукобҳои охирини шӯришиёнро анҷом медиҳанд. Барои ширкат дар амалиёти Арғандоб, наздики Қандаҳор ҳудудан як ҳазор сарбоз сафарбар шуданд. Сухангӯи нирӯҳои эътилофӣ Карлос Бранко гуфт, ки нирӯҳои муштарак дар марҳилаи хотимавии ин амалиёт қарор доранд.

XS
SM
MD
LG