Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри осори Рӯдакӣ дар Қазоқистон


Аҳмад Дуйсенбоев, ношири китоби Рӯдакӣ
Аҳмад Дуйсенбоев, ношири китоби Рӯдакӣ

Дар Алмаато китоби ашъор ва зиндагиномаи Абӯабдулло Рӯдакӣ - поягузори адабиёти форс - тоҷик ба забони русӣ ба нашр расид.

Дар Алмаато китоби ашъор ва зиндагиномаи Абӯабдулло Рӯдакӣ- поягузори адабиёти форс- тоҷикӣ ба забони русӣ ба нашр расид. Ин иқдом бо кӯшиш ва талоши Аҳмад Дуйсенбоев - ношири қазоқ, ки мубаллиғи адабиёти форс- тоҷик дар ин кишвар аст, анҷом гирифтааст. Китоб аз ду бахш иборат аст. Дар бахши аввал ашъори устод Рӯдакӣ ба шумули қасидаву ғазал, қитъаву рубоӣ ва байту пораҳои алоҳида аз маснавиҳои шоир, ки то ба замони мо расидаанд, гирд оварда шудааст. Ҳамчунин, дар ин қисмати китоб ношир ва мураттиб Аҳмад Дуйсенбоев баргузидаи ашъори ҳамасрони шоир мисли Абӯшакури Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ, Хусравонӣ, Ҳаким Ҳаббози Нишопурӣ, Робиаи Балхӣ, Кисоии Марвазӣ ва Дақиқиро ҷой додааст. Аҳмад Дуйсенбоев мегӯяд: “Ба китоб саҳифаҳои нав ва ашъори беҳтарин замъ гардиданд ва ҳамин тавр, ман кӯшиш кардам, ки китоби калону ҷиддиеро бо ашъори на танҳо Рӯдакӣ, балки ҳамчунин ҳамасрону пайравонаш ба нашр расонам”.

Дар бахши дуюми китоб хонанда бо пажӯҳиши донишмандони маъруф Абдулғанӣ Мирзоев ва Иосиф Брагинский дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти бунёнгузори шеър ва адаби форс - тоҷик ошно мегардад.

Дар муковаҳои китоб ҳамчунин гуфтаҳои бузургони илму адаби ҷаҳон мисли Дармстетер, Айнӣ, Тихонов ва донишманди чинӣ Ге Бао Сюан оварда шудаанд. Китоби Рӯдаки бо мусаввараҳои суратгари эронӣ Маҳмуди Фаршчиён оро ёфтааст, вале тавре худи мураттиб мегӯяд, вай натавонистааст, ки акси устод ва мақбараи ӯро пайдо намояд ва дар ин маврид ба вай сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ёрӣ расонида натавонистааст.

Китоби Рӯдакӣ сеюмин китобест, ки Аҳмад Дуйсенбоев дар Қазоқистон бо номи “Сандуқи тиллоии адабиёти ҷаҳон” чоп мекунад. Таи анқариб ду сол вай асарҳои “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ , “Баҳористон”-и Ҷомӣ, “Насиҳатнома”-и Унсуралмаолии Кайковус, ”Тӯтинома”-и Зиёвудини Нахшабӣ ва ҳикояҳои форсӣ дар ду ҷилд бо ороиши басо ҷолиб ба нашр расонд. Вай максад дошт, ки нашри насри форс - тоҷикро идома диҳад, вале ҷашни 1150 солагии Рудакӣ ӯро водор сохт, ки нақшаи хешро тағйир дода рӯ ба назми форсӣ оварад.

Аҳмад Дуйсенбоев мегӯяд, алъон барои омода кардани китоби нав аз силслаи “Сандуки тиллоии адабиёти ҷаҳон” талош дорад. Ин дафъа вай “Сиёсатнома”, “Чаҳор мақола” ва қиссаи “Макри зан”-ро нашр карданист. Аҳмад Дуйсенбоев мегӯяд, алъон дар ин роҳ ягона мушкиле, ки дорад ин мушкили молист ва чун китобҳои чопкардааш ба фурӯш раванд, вай чаҳорумин китоби “Дурдонаҳои адабиёти форс –тоҷик”-ро дастраси хонандагон хоҳад кард.

Осори Рӯдакӣ бори дуюм дар Қазоқистон ба дасти чоп мерасад. Соли гузашта бо кӯшиши адиб ва донишманди тоҷик Қодири Рустам дар Алмаато девони Рӯдакӣ ба забони тоҷикӣ нашр гардид буд.

XS
SM
MD
LG