Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррозо ва Коуэн: "Аз шитобзадагӣ кор нагирем"


Раҳбари Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо ва сарвазири Ирландия Брайан Коуэн ба тавофуқ расиданд, ки дар робита ба берун рафтан аз бӯҳрони марбут ба рад шудани Протокол ё Созиши ислоҳоти Иттиҳодияи Аврупо аз сӯи шаҳрвандони Ирландия аз шитобзадагӣ кор нагиранд. Сокинони Ирландия дар референдум ин санади мавсум ба Созиши Лисссабонро, ки Қонуни асосии Иттиҳодияи Аврупо маҳсуб мешавад, напазируфтанд.

Имрӯз дар нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел Баррозо изҳор намуд, ки мавзӯъи ислоҳот дар Иттиҳодия дар саммити навбатӣ дар моҳи октябр баррасӣ хоҳад шуд. Брайан Коуэн гуфт, ки ҳанӯз дар бораи баргузории референдуми такрорӣ оид ба Созиши Лиссабон дар Ирландия ҳарф задан барвақт аст.

XS
SM
MD
LG