Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозтоби вазъи Тоҷикистон дар Русия


Дар ҳошияи ҳаводиси ахир дар Бадахшон расонаҳо ва маҳфилҳои сиёсии Русия вазъи иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистонро сангин арзёбӣ кардаанд.

Рӯзномаи электронии «Инопресса» ба нақл аз нашрияи олмонии «Франкфуртер Алгемайне Сайтунг» менависад: ташаннуҷи вазъи иҷтимоъӣ дар Тоҷикистонро пуле, ки аз 1 миллион муҳоҷир аз Русия мерасад, коҳиш медиҳад, вале, агар Русия барои коҳиши шумораи муҳоҷирони корӣ иқдом намояд, оқибати кори Тоҷикистон бад хоҳад шуд. Ва аммо дар Тоҷикистон дар ин маврид фикр кардан ҳам намехоҳанд, дар ҳоле ки аз кишвар пеш аз ҳама донишмандон ва нерӯи корие меравад, ки барои суботи иқтисодӣ зиёд зарур ҳастанд.
Низоъ дар хонаводаи раиси ҷумҳурӣ, ки ба тахмин бо фоҷиъа анҷом ёфтааст, аломати равшани он аст, ки клани президент Раҳмон бо ҳар навъе, ҳатто бо зӯр ҳам, талош дорад, ҳама гуна бахши сердаромади иқтисодиро дар даст бигирад.
Рӯзнома ба нақл аз раиси ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ навиштааст: «Хатари таркиши иҷтимоъӣ дар ҳоли афзоиш аст. Ҷомиъа, ба вежа ҷавонон рӯз аз рӯз бештар радикал мешаванд. Насли ман дигар хоҳиши майдондорӣ надорад, вале, фикр мекунам, писари ман тоби ин зиндагиро надорад. Мардуми мо бо таҳаммул ва хештандор ҳастанд ва мақомот аз ин ҳолат суиистифода мекунад».
Рӯзномаи «Газета» чопи Маскав дар бастагӣ ба мухолифати мардуми Бадахшон ба вуруди нерӯҳои амниятӣ аз марказ суҳбати сардабири «Чароғи рӯз» Додоҷони Атоуллоҳро чоп кардааст. Ин коршининос гуфтааст: «Ҳодисаи ахири Бадахшон, задухӯрди мусаллаҳона дар Ғарм ва дар Кӯлоб нишонаи он аст, ки мақомоти Тоҷикистон дар ҳоли тарсу ҳарос ба сар мебаранд, аз мардуми худ бим доранд».
«Газета» ҳамчунин навиштаст, ки ду моҳ пеш мардуми Бадахшон истеъфои он раҳбаронеро талаб карда буданд, ки президент Раҳмон таъйин кардааст. Ҳукумат ваъда дод ва аммо ба таъқиби онҳое пардохт, ки чунин пешниҳод карда буданд.
Таҳлилгари иқтисодӣ, раиси маркази барномарезиҳои раҳбурдии Русия Александр Собянин дар суҳбат бо рӯзномаи «Народная газета» гуфтааст: «Ҳалношуда боқӣ мондани мушкили гоз ва барқ барои Раҳмонов маънии гум кардани қудратро дорад. Идомаи буҳрони энержӣ метавонад сабаби табдили мақомоти сиёсии Тоҷикистон шавад, - навиштааст «Независимая газета».
XS
SM
MD
LG